Амалиёти наҷоти чор гардишгари исроилӣ бо муваффақият анҷом шуд

Чаҳор гардишгари исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум зада буданд, наҷот дода шуданд. Кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ-ро лозим омад барои наҷоти онҳо чаҳор шабонарӯз талош кунад ва билохира шаҳрвандони хориҷӣ бе ҳеч осебе ба шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе интиқол дода шуданд.

Мулоқоти зиддикоррупсионӣ дар КҲФ

Бо мақсади татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” ва мутобиқ ба нақшаи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия мулоқоти ҳайати шахсӣ бо сарнозири Агентии давлатии назорати молия ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Розиқзода баргузор шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин барои кор дар Раёсати хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷот (шаҳри Душанбе: равоншиносон ва корманди хурди тиббӣ (ҳамшира ва бародари шафқат) озмун эълон мекунад.

Талабот ба номзадҳо ба вазифаи равоншинос: доштани маълумоти олӣ, махсус, ихтисосе, ки мувофиқи фаъолияти пешниҳодшуда мувофиқ аст ва ё маълумоти миёнаи махсус ва идомаи омӯзиш дар мактаби олӣ дар шакли ғоибона, таҷрибаи кор, ҳамчунин сифатҳои шахсие, ки ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда имкон диҳад.

Таъкиди Иттиҳодияи Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо Тоҷикистон бештар ҳамкорӣ кунад. Дар охирин дидори намояндаи ин ниҳоди аврупоӣ бо генерал Рустам Назарзода таъкид шуд, ки тағйири иқлим боиси афзоиши ҳамарӯзии ҳолатҳои фавқулода шуд, ки бар асари он мардум азият мекашанд ва бадтар аз ин онҳо куштаву захмӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Иттиҳодияи Аврупо омода аст дар ҳалли ин масоил ва коҳиши хатари офатҳо ҳар кумаки лозимро ба Тоҷикистон расонад.

Наҷоти ҷавоне дар Рашт, ки қасди худкушӣ дошт

Дар Рашт аз як қасди худкушӣ пешгирӣ шуд ва ин ба шарофати амали фавриву тадбирандешии оҷили воҳиди наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт муяссар гардид.

Бар қисми навбатдорӣ занг заданд, ки ҷавоне мехоҳад худкушӣ кунад, фавран ҳозир шавед! Ин ҷавон сокини 25-солаи деҳаи Сари Шухони ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт буд. Ин русто канори рӯди Сурхоб ҷойгир аст.

Страницы