Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин барои кор дар Раёсати хадамоти ҷустуҷӯӣ ва наҷот (шаҳри Душанбе: равоншиносон ва корманди хурди тиббӣ (ҳамшира ва бародари шафқат) озмун эълон мекунад.
Талабот ба номзадҳо ба вазифаи равоншинос: доштани маълумоти олӣ, махсус, ихтисосе, ки мувофиқи фаъолияти пешниҳодшуда мувофиқ аст ва ё маълумоти миёнаи махсус ва идомаи омӯзиш дар мактаби олӣ дар шакли ғоибона, таҷрибаи кор, ҳамчунин сифатҳои шахсие, ки ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда имкон диҳад.
Барои ишғоли вазифаи корманди хурди тиббӣ талаботҳо аз инҳо иборатанд: доштани маълумоти миёнаи махсуси тиббӣ, таҷрибаи на камтар аз як соли кор дар соҳа.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши ширкат дар ин озмунро доранд, ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоянд:
а) ариза дар бораи ширкат дар озмун, ҳолнома;
б) саволномаи бо дасти худ пуркардашуда ҳамроҳ бо расмҳои андозаи 3Х4 - 4 дона ва 9 Х 12 - 2 дона;
в) нусхаи шиноснома, диплом, ки нотариус тасдиқ карда бошад;
г) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки нотариус ва ё хадамоти кадрҳои ҷойи кор тасдиқ карда бошанд;
д) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тайидкунандаи фаъолияти кории шаҳрванд, ки нотариус ва ё хадамоти кадрии ҷойи кор тасдиқ карда бошад;
ж) нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ;
з) маълумотнома аз ҷойи истиқомат ва ҳайати оила.
Ҳуҷҷатҳо барои ширкат дар озмун то 31 декабри соли 2019 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 26 қабул карда мешаванд.
Телефон барои маълумот: (+992 372) 2217181.