Таъкиди Иттиҳодияи Аврупо ба таҳкими ҳамкориҳо бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо Тоҷикистон бештар ҳамкорӣ кунад. Дар охирин дидори намояндаи ин ниҳоди аврупоӣ бо генерал Рустам Назарзода таъкид шуд, ки тағйири иқлим боиси афзоиши ҳамарӯзии ҳолатҳои фавқулода шуд, ки бар асари он мардум азият мекашанд ва бадтар аз ин онҳо куштаву захмӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Иттиҳодияи Аврупо омода аст дар ҳалли ин масоил ва коҳиши хатари офатҳо ҳар кумаки лозимро ба Тоҷикистон расонад.

17 сентябри соли 2019 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Иттиҳодияи Аврупо бо сарварии Намояндаи махсуси Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Петер Бурианро ба ҳузур пазируфт.

Ҳадафи мулоқот идомаи муколамаи бунёдии дуҷониба миёни КҲФ ва Иттиҳодияи Аврупо дар масъалаҳои алоқаманд ба коҳиши хатари офатҳо буд.

Дар ҷараёни мулоқоти кушод ва дӯстона ҷонибҳо дар бораи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои минбаъда бо Иттиҳодияи Аврупо дар доираи лоиҳаи Кумита оид ба бунёди тамрингоҳи низомии КҲФ барои омода намудани воҳидҳои наҷоти Кумита, ҳамчунин ҳакорону ҳамкасбон аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо, масъалаҳои огоҳиҳои аҳолӣ ва омода сохтани онҳо ба офатҳои табиӣ, амалҳои дуруст ҳангоми офатҳо табодули афкор карданд. 

Сарвари Кумита зимни суханронии худ зикр намуд, ки рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо муҳим аст ва КҲФ ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса дорад.

Ҳамчунин, сарвари идораи наҷоти кишвар ба муҳим будани бунёди ин тамрингоҳ таъкид кард ва гуфт, ки он имкон хоҳад дод на танҳо наҷотдиҳандагони КҲФ дар он тамрин кунанд, балки ба рушду тавсеаи идораи наҷоти Афғонистон ҳамсоя кумаки амалӣ расонад. “Марзи тӯлонии муштараки мо бо ҳамсояи ҷанубӣ, ҳамчунин мавқеъи ҷуғрофӣ ва ҳангунии офатҳои табиӣ, ки дар ноҳияҳои наздимарзии ду мамлакат рух медиҳанд, моро торафт ба ин андеша водор месозад, ки ниҳодҳои наҷоти ду кишвар бештар аз пештар огоҳ ва омода бошанд”- гуфт ӯ.

Ҷаноби Буриан зикр намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҷиддӣ медиҳад, бахусус дар масъалаҳое чун коҳиши хатари офатҳо. “Зеро тағйири иқлим мутаассифона боиси афзоиши ҳамарӯзии ҳолатҳои фавқулода шуд, ки бар асари он мардум азият мекашанд ва бадтар аз ин онҳо куштаву захмӣ мешаванд. Аз ин рӯ, мо омода ҳастем дар ҳалли ин масоил ва коҳиш додани хатари офатҳо ҳар кумаки лозимро расонем”,-иброз дошт ҷаноби Сафир.

Дар поёни дидор ҷонибҳо бори дигар ба омодагии хеш ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода таъкид карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин Сарвари дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон ҳузур дошт. 

барчасп: