Чаҳор гардишгари исроилӣ, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳҳои Помир раҳгум зада буданд, наҷот дода шуданд. Кормандони воҳиди вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ-ро лозим омад барои наҷоти онҳо чаҳор шабонарӯз талош кунад ва билохира шаҳрвандони хориҷӣ бе ҳеч осебе ба шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе интиқол дода шуданд.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони наҷоти Агентии Оғохон оиди Зистгоҳ дар ВМКБ ба як амалиёти фаврии садамавиву наҷот бо муваффақият поён доданд. Чаҳор тан аз гардигарони исроилӣ аз хатар наҷот дода шуданд.
17 сентябри соли равон ба қисми навбатдории КҲФ хабар расид, ки дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр, дар қаламрави ноҳияи Шуғнон чор гардишгари исроилӣ сигнали “SOS” ирсол карданд.
Як гурӯҳи фаврӣ аз ҳисоби воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар ВМКБ бо ҷалби наҷотбахшони ихтиёрии Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ташкил шуд ва онҳо ба ҷустуҷӯ оғоз намуданд.
Ҳамчунин кормандони КҲФ муайян карданд, ки ин чор сайёҳ 23 - 26-сола буда, яке аз онҳо зани ҷавонест. Онҳо дар баландии 4700 метр аз сатҳи баҳр, дар наздикии маконе бо номи Кулини ҷамоати Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон қарор доранд.
Боло рафтан ва расидан ба ин баландӣ на бо мошин имкон дошт ва на чархбол роҳи рафтан буд, аз ин рӯ, наҷотдиҳандагон аз аспҳо истифода карданд, аз техникаи махсус ва таҷҳизоти вижа кор гирифтанд. Ва боз ҳам лозим омад 20 километр масофаро пиёдаву савор тай кунанд.
Билохира, рӯзи 19-сентябр ба макони таъиншуда расиданд. Аввалин коре, ки анҷом доданд ба Бену Моше Шай кумаки аввалияи тиббӣ расонданд, мавсуф бар асари камбуди оксиген дар бадандӣ бемор шуда буд.
Субҳи рӯзи 20.09.2019 соати 06:20 наҷотдиҳандагони КҲФ гардишгаронро ба аспҳо савор карданд ва бо ёрии заврақе, ки дар кӯли Сарез омода карда буданд, ба майдони парвози чархбол расонданд. Аз он ҷо сайёҳон аввал ба шаҳри Хоруғ бурда шуданд. Ду нафарашон он ҷо монданд ва ду тани дигарро ба шаҳри Душанбе фиристоданд. Аз фурудгоҳ барои расонидани кумаккҳои тиббӣ онҳо ба бемористони “Истиқлол” бистарӣ карда шуданд.
Ҳамин тариқ амалиёти наҷоти чаҳор гардишгари амрикоӣ муддати чаҳор шабонарӯз идома кард ва билохира онҳо саломат ба макони амн интиқол ёфтанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар ёдрас мекунад, ки қабл аз он ки дар ҳайати гурӯҳҳои сайёҳӣ ба минтақаҳои кӯҳӣ сафар кунанд, аввал аз қайди хадамоти наҷот бигзаранд.
Агар шумо тани танҳо озими кӯҳҳо шудед, дар ин бора ба хешовандонатон хабар диҳед ва захираи кофии хӯрок, об, доруворӣ, сарулибоси гарм ва телефони мобилӣ бо худ гиред.