Ҷустуҷӯи ҷасади як навраси 11-сола идома дорад
Чоп шуд: 29/06/2020 | admin
Тибқи маълумоти сардори шӯъбаи Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ нисфирӯзии 26 июни соли 2020 як ноболиғи 11-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чорсӯи ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз беназоратии волидон ва беэҳтиётии худ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шудааст. Оби пурхӯруш дар як нафас ӯро аз назарҳо ғоиб кардааст.