Рузи 22-уми августи соли равон тахминан соати 18:35 дақиқа як навраси 12-сола аз беэҳтиётӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то зуҳри дирӯз, якшанбе, 23 август идома дошт. Билохира, Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе ӯро дар мавзеъи кули “Ҷавонон” пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд.
Шоми рӯи якшанбе, 23-уми августи соли 2020 наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ дар деҳаи Тегирмони ҷамоати деҳоти Саразм, аз соҳили дарёи Зарафшон ҷасади як зани тақрибан 30-35 соларо пайдо карданд ва онро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Маълум шуд, ки марҳум як зодаи 26-солаи деҳаи Бӯстонбеки ҷамоати Саразм буда, рӯзи 18-уми август аз хона баромада, дигар барнагаштааст.
Сабаби марги ӯ маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд.
*** *** ***
Ҷустуҷӯи ҷасади сокини 71-солаи деҳаи Боғеви ҷамоати деҳоти Сучон, ки рӯзи 22 августи соли равон дар дарёи Ғунд ғарқ шуда буд, идома дорад. Пайвандонаш мегӯянд ин модари 71-сола гирифтори бемории руҳӣ шуда буд ва рӯзи 22 август аз хона баромад ва бедарак шуд.
Ҷузъиёти хабар нашр мешавад.
*** *** ***
Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 23 август ба 26 хоҷагии қисман зарардида аз заминларзаи 4-уми августи соли 2020 масолеҳи сохтмонӣ: семент 78 тона, арматура 10,4 тона, шифери фулузӣ 1690 дона ва 26 метри кубӣ тахта тақсим карда шуд.
Имрӯз боқимонда 52 куб тахта тақсим карда мешавад.