Тозаахбори ин соат. Қасди худкушии як зан дар Душанбе. Ноболиғи ғарқшуда дар Норак ва муштзании фоҷеабори ду ҷавон дар Душанбе

Боз хабари ғарқи об шудани ду нафар расид ва омори ба ҳалокатрасидагон дар обҳои кишвар ду нафар афзуд. Яке ноболиғе, ки нав ба синни 15 по мегузошт ва дигар ҷавони 25 – сола, ки бо як нафари дигар пархошу муштзанӣ кардаву дар оби канал сарозер шудааст. Аммо аз мусибати дигар пешгирӣ шуд. Мусбате, ки як хонадонро метавонист дар мотам нишонад. Худкушии зани 43-сола, ки ҳоло сабаби он маълум нест.

COVID-19: Сироятшудагон дар Тоҷикистон 5630 ва дар олам 9 393 450 нафар

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи мубталоёни ба вируси корона аз 30 апрел то соати 18:00-и 24 июн ба 5630 нафар расид. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳамин чанд лаҳза пеш иттило дод.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки то имрӯз дар мамлакат 4194

Забони миллат – ҳастии миллат. Китоби дуюм. “Забон ва замон”

Китоби дувуми «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Забон ва замон» аз чоп баромад, ки марҳилаи таърихи густариши забони тоҷикиро аз ибтидои асри XII то ибтидои асри XX фаро мегирад. Дар он аз сарчашмаҳои муътамади таърихию адабӣ маълумот оварда шудааст.   Китоб бо забони содаву...

Тозаахбори ин соат. Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ғарқи об шудани як марди 63-сола, харобкории борону жола ва шамол

Дар сӯхтори нуқтаи фурӯши сӯзишвории Ёвон 8 нафар ҷароҳат бардоштанд. Якмарди 63-сола, ки мегӯянд бемории рӯҳӣ дошт, дар канали назди хонаи бародараш ғарқ шудааст. Борони шадид ва жола дар Ҳоит роҳҳоро хароб кардааст. Шамоли сахт дар ноҳияи Турсунзода сабагори харобиҳои зиёд шудааст, ки мизони зарар муайян карда мешавад. . Ғарқи об шудани як марди 63-сола дар Рӯдакӣ. Харобкориҳои шамол ва борону жола

Шамоли сахти шаби гузашта дар кӯчаи Бухорои пойтахт дарахти азимеро шикаст ва болои ду мошин афтод

Шамоли сахти дирӯз дар баъзе манотиқи кишвар ба ҳадде шадид буд, ки гумон мерафт харобиҳое дар пай дошт. Хушбахтона то ин соат аз хисорати боди шадид гузорише нарасид, танҳо ин ки тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Душанбе як дарахти азим шикаста болои ду мошин афтодааст. Ин ҳодиса як поси шаб рух дод ва соати 02:30 сокинони

Страницы