Наҷоти як нафар дар лифти харобшуда дар кӯчаи Бухорои пойтахт

Рўзи 18 августи соли 2020, соати 22:05 дақиқа як сокини кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод, ки дари лифти бино воқеъ дар кўчаи номбурда махкам шуда, дар даруни он  сокини 29-солаи ҳамин бино дармондааст.

Соати 22:08 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, соати 22:30 дақиқа дари лифтро кушода, шаҳрвандро сиҳату саломат аз он берун карданд.

 

О.Фахриддинзода