Муассисаи ғизо ва доруи федероли Амрико (FDA ) як равиши нави дармон барои бемории КОВИД-19-ро иҷозат додааст ва мегӯяд суди он барои беморон бештар аз зарарҳои эҳтимолии он аст. Дар ин равиши дармонӣ аз плазмаи хуни касоне истифода мешавад, ки пештар ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Ин тасмим як рӯз пеш аз гирдиҳамоии бузурги ҷумҳурихоҳон эълом шудааст. Муассисаи ғизо ва доруи федероли Амрико гуфтааст, ки ин равишро ба сурати зарурӣ иҷозат дода, ҳамзамон ба пажӯҳишҳои бештаре дар бораи муассир будани он анҷом мешавад. Ин муассиса гуфтааст, ки то кунун бештар аз 70 ҳазор беморон ин плазмаро дарёфт кардаанд ва ягон ҳолати таъсири манфӣ кашф нашудааст.
Ҳамзамон бо ин FDA гуфтааст, ки барои санҷиши самароварии муолиҷаи плазмавии КОВИД ба санҷиши фарогири клиникӣ ниёз аст.
Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси ИМА то кунун дар ин кишвар ҳудудан 180 ҳазор нафар бар асари бемории коронавирус тарки олам кардаанд.
То 24-уми августи соли 2020 дар олам 23 миллиону 586 ҳазору 023 нафар гирифтори КОВИД-19 шуданд ва аз ин беморӣ 812 ҳазору 527 нафар ҷони худро аз даст доданд. Тибқи ҳамин омор шумори муолиҷашудагон дар кулли кишварҳои дунё 16,084, 558 нафар мебошад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран иттилоъ дод, ки дар як шабонарӯзи гузашта 80 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор доштанд, 36 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ин манбаъ теъдоди мутталоёни нав ба КОВИД-19-ро 34 нафар эълон кард ва гуфт, ки “дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба 8311 нафар баробар гардид”. 66 нафар ҳамватанони мо аз ин беморӣ ҷон додаанд.