Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон деҳаи Гулдара, ки шафати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, ки дар минтақаи хавфнок ҷойгир мебошад, тариқи ҳашарҳои дастаҷамъонаи аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ шурӯъ гардид.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаи мазкур дар деҳаи Гулдараи ҷамоати шаҳраки Адрасмон ҷойгир буда, аз шафати муассисаи мазкур рӯди Тариконсой мегузарад, ки қариб ҳамасола дар натиҷаи омадани селҳои мавсимӣ ба муассисаи мазкур хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.
Дар ҳашари дастҷамъона ҷомеаи меҳнатии муассиса ва аъзои кумитаи волидон иштирок намуданд.
Ш.Бутаева