ҲУШДОР: Наврасони ғарқи об, худкушии ноболиғон. Ба ин ҳама кӣ посух хоҳад дод?
Чоп шуд: 29/05/2020 | redaktor
Ҳатто қалам оҷиз аст дар ин бора нависад. Тифлаконро волидони бепарво беназорат мегузоранд ва баъди он ки хабари фоҷеаро мешуднаванд, бо оҳу нола гӯши флак кар мекунанд. Ва ё намехоҳанд дар зиндагӣ ба арзи духтар ё писари ноболиғи худ гӯш андозанд, сирри дилашро донанду дар мушкили равонӣ ҳамроҳаш бошанд. Ва чун даст ба худкушӣ мезанад, боз ҳам нолаву фиғон мекунанд. Чаро мо ба ин ҳад бепарвоем?