1 сентябри соли 2020 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон шаҳраки тозабунёди муосире, ки барои сокинони осебдида дар сели моҳи майи соли равон сохта шуда буд, ифтитоҳ намуд. Дар маросими ба истифода додани шаҳрак Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Раиси Ҳукумати вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар роҳбарони вазорати идораҳо ширкат намуданд.
Дар ин шаҳраки навобод ҳамаи 67 хонаи истиқоматӣ пурра омода ва ба истифода дода шуданд. Сарвазир ва ҳамроҳони вай аз хонаҳо ва бунгоҳи тиббӣ дидан карданд. Онҳо ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Бо пешниҳоди Сарвазир қарор қабул шуд, ки шаҳраки нав “30-солагии Истиқлолияти давлатӣ” номида шавад.
Дар шаҳрак корҳои сохтмони сартарошхона, маркази савдо ва дорухона ҳамоно идома дорад. То кунун 1,4 километр роҳ мумфарш шуда шуда, 18 чоҳи об кофта ба истифода дода шудааст, барои таъмини сокинон бо нерӯи барқ 83 симчӯби баландшиддат ва ду трансформатор шинонда шудааст.
Зимни суханронии худ дар ин маврид Сарвазири кишвар қайд кард, ки баъди селҳои харобиовари моҳи май дар ин макони нав барои осебдидагон ва кулли онҳое, ки хонаҳои хешро аз даст доданд, дар як муддати басо кутоҳ сохтмони хонаҳои замонавиву зебои истиқоматӣ анҷом шуд, бо ҳама асбобу ашёи зарурӣ таъмин гардид ва ба соҳибонашон тақдим шуд.
Ғайр аз ин чанде пештар аз ҷониби КҲФ ба сокинони ин хонаҳои навбунёд бистару болишт, асбобҳои зарурӣ барои ошхона, аз ҷумла дегу табақ, сатилҳо, корду қошуқ ва ғайра расонда шуд.
Дар навбати худ сокинон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кумакҳои саривақтӣ ва ёриҳое, ки ба шарофати онҳо дар кутоҳтарин муддат ин хонаҳо қомат рост карданд ва осебдидагон бо манзилҳои нав таъмин гардиданд, изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.