Covid-19. Олам ва Тоҷикистон. Мубталоён дар олам беш аз 8,5 миллион шуданд. Дар Тоҷикистон 5272 нафар
Чоп шуд: 19/06/2020 | redaktor
То рӯзи 19-уми июни соли 2020 дар саросари олам 8 миллиону 578 ҳазору 283 нафар ба коронавируси Covid-19 сироят ёфтаанд. Дар ин омор гуфта мешавад, ки танҳо шабонарӯзи гузашта дар олам 47 433 нафар гирифтори ин вирус шуданд.Аз оғоз то ба имрӯз аз Covid-19 дар кулли мамолики дунё 456 286 нафар фавтиданд ва шабонарӯзи сипаришуда 2 ҳазору 314 нафар бар асари ин беморӣ даргузаштанд.