Имрӯзи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар
Чоп шуд: 11/04/2020 | adminАз ҳаводиси нохӯши рӯзи гузашта бархӯрди шохи як дарахти азим ба сари шаҳрванди 36-солаи пойтхати кишвар аст, ки ҳоло бо ҷароҳати вазнин дар бемористони “Истиқлол” бистарист. Ва хабари муҳими дигар боз шудани роҳи Хоруғ-Мурғоб аст, ки ду рӯз қабл бар асари резиши барф ва ғарам шудани он дар натиҷаи шамоли сахт дар километри 750-уми ағбаи Кутезак муваққатан баста шуда буд.