Ҳанс Клюге – сарвари идораи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо ба ин назар аст, ки тирамоҳ шумори қурбониёни COVID-19 дар ин қитъаи олам меафзояд. “Вазъ мураккаб мешавад. Моҳҳои октябр ва ноябр мо шоҳиди сатҳи баланди маргумир хоҳем шуд”,- иқтибос овардааст аз суханони вай AFP.
ДарАвстрия мавҷи дуюми сирояти коронавирус дар ҳоли густариш аст. Ду ҳафта қабл наздик ба 350 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шуда буд, шаби гузашта макомот аз кашфи 850 бемори нав хабар доданд. Ҷумҳурии Чех дар гирдоби сирояти коронавируси навъи нав мепечад. Суръати густариши он назар ба дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шиддати бештар дорад.
Ҳукумати Исроил рӯзи якшанбеи гузашта тадбирҳои нав ва шадидтари карантиниро дар саросари кишвар эълон кард ва қарор аст он аз 18 сентябр шуруъ гардад ва муддати се ҳафта идома кунад. Ба шаҳрвандони ин кишвар иҷозат дода нахоҳад шуд, ки аз манзилҳои истиқоматии худ 500 метр дуртар раванд. Кулли тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, толорҳои варзиш ва ҳавзҳои оббозӣ баста мешаванд.
Арабистони Саудӣ ҳамаи маҳдудиятҳои сафар барои шаҳрвандонашро аз 1 январ лағв мекунад.
Чин аз ошкор шудани 10 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус хабар дод, аммо мегӯяд ҳамаи онҳо аз хориҷ омада буданд.
То 15 сентябри соли равон дар саросари олам 29 миллиону 449 ҳазору 050 нафар чун сироятшуда ба коронавирус КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шабонарӯзи гузашта теъдоди сироятёфтагон дар кулли кишварҳои ҷаҳон 71 ҳазору 976 нафар афзуд.
Аз аввали ҳамагирӣ дар ҷаҳон аз КОВИД-19 932 ҳазору 801 нафар фавтиданд ва то 15 сентябри соли равон аз ин беморӣ дар олам 21 280 281 нафар шифо ёфтаанд.
Вазорати тандурустӣ в аҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ахиран аз ошкор шудани 33 бемории нави коронавирус дар кишвар хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки шумори умумии мубталоён ба 8757 нафар расида ва аз ин беморӣ 7549 (86,2%) шифо ёфтаанд. Ин вазорат шумори фавтидагонро 70 нафар эълон кард.