Сӯхтор дар “Бозори деҳқон”-и шаҳри Душанбе. Касе осеб надидааст. ВКД сабаби сӯхторро эълон кард: истифодаи нодурусти яхдон

Шаби 22-июли соли равон, тахмин соати 00:29 дақиқа дар “Бозори деҳқон”-и пойтахти кишвар, воқеъ дар маҳалли Гипрозем сӯхтор ба амал омад. Бино ба гузориши расмӣ ба ҷойи ҳодиса фавран 14 техникаи оташнишонӣ фаро расида, даст ба амал заданд.  Дастаи зудамали Раёсати душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Пажӯҳиш: Оё Замин ҳам мемирад?

Ҳар касе каме маълумот ва дониш дар бораи кайҳоншиносӣ дорад, ба ин назар ҳатман бовар мекунад: замоне фаро хоҳад расид, ки Замин ҳам мемирад. Аммо суоли КАЙ? як суоли беҷавобест, ки шояд асрҳо инҷониб донишмандон  матраҳ мекунанд, аммо посухашро пайдо намеёбанд. Аниқтараш посухи дақиқи онро. Марги Замин аз ду роҳ имконпазир аст: биологӣ ва геологӣ.

Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе

21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Таблиғоти зиддивирусӣ дар Турсунзода. Кормандони Кумита ба сокинон ниқобҳо ва антисептикҳо тақсим карданд

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус КОВИД-19 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар корҳои зиёди таблиғотӣ роҳандозӣ мекунанд.

Аз ҷумла, кормандони Шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо намояндагони Раёсати рушди иҷтимоӣ ва робита...

Наҷоти як нафар аз зери девори бетонӣ дар нимишабӣ

Нимишабӣ, соати 02:11 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як девори бетонӣ дар наздикии корхонаи тавлиди нӯшобаи “Кока-кола” чаппа шуда ва ду нафарр дар зери он мондаанд. Барои роҳандозии корҳои наҷот ба ҷойи ҳодиса имдодгарон аз Раёсати Душанбе сафарбар шуданд. То омадани наҷотдиҳандагон яке аз онҳо худро раҳо карда буд. Дастаи наҷот бо истифода аз таҷҳизоти махсус...

Страницы