24% сироятшудагони нав дар Русия аломати маъмулии КОВИД-19 надоштанд. Дар Тоҷикистон шумори мубталоёни нав дар қиёс ба як рӯзи пеш 2 нафар афзудааст

Субҳи 25 сентябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон 32 миллиону 421 ҳазору 74 нафар эълон шуд. Дар як шабонарӯз дар саросари олам 91 ҳазору 714 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Аз оғоз то ба имрӯз дар олам аз коронавирус КОВИД-19 987 ҳазору 824 нафар ҷон бохтанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон теъдоди сироятшудагони навро 45 нафар эълон кард, ки дар қиёс ба як рӯзи пеш ду нафар зиёд аст. Бино ба маълумоти манбаъ то кунун дар кишвар 9520 нафар мубтало ба коронавирус сабт шуда,  8296 нафари онҳо муолиҷа шудаанд.

ИМА дар сироят ба коронавирус ва марг бар асари он дар ҷаҳон аввал аст. Дар ин кишвар то кунун беш аз 7 миллион нафар мубтало ба ин беморӣ шуда, бештар аз 206 ҳазор нафар фавтидаанд.  

Шабонарӯзи гузашта дар Британияи Кабир 6 ҳазору 634 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд. 

Дар Нидерландия шумори рекордии сироятёфтагон дар як шабонарӯз ба қайд гирифт ашуд. Мақомот гуфтанд, ки дар 24 соати охир 2544 нафар ба коронавирус сироят шуданд. 

Аммо дар Фаронса дар шабонарӯзи гузашта бештар аз 16 ҳазор нафар мубталоёни нав сабт шуданд. 

Баъди эълони нармиш дар карантини Лаҳистон шумори мубталоён якбора рӯ ба афзоиш оврд. 

Эрон мегӯяд барои дастрасӣ ба воксани зидди коронавирус КОВИД-19- и Русия талош дорад.   

Парламони Исроил рӯзи панҷшанбе дар хониши аввал лоиҳаи қонун дар бораи ташдиди карантин то 25-уми сентябри соли ҷориро қабул кард.

Дар Чин Sinopharm дар бораи зуҳури воксани зидди COVID- то охири сол хабар дод.

Президенти Украина Владимир Зеленский изҳор дошт, ки омори мавҷуд баёнгари он аст, ки дар кишвар мавҷи дуюми коронавирус дар ҳоли густариш аст.

Дар як шабонарӯз дар 84 минтақаи Русия 6595 нафар гирифторони нави COVID-19 ба қайд гирифта шуданд, дар 24% беморон нишонаҳои ин касалӣ ошкор набуд.

Хадамоти матбуотии вазорати тандурустии Қазоқистон эълон кард, ки шумори сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар ин кишвар коҳиш меёбад.

Дар Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 127 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо ин беморӣ хабар дод. Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки зарфи як моҳи охир ин аввалин бор аст, ки беш аз 100 сироятшудаи нав ба қайд гирифта мешавад.  

МАТОЛИБИ ДИГАР ДАР ИН БОРА: