Шумори гирифторони вируси корона дар олам аз марзи 32 миллион гузашта, ба 32 миллиону 101 ҳазору 60 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта 89 ҳазору 374 нафари дигар чун сироятшудаи нав ба Covid-19 ба қайд гирифта шудаанд. Шабонарӯзи сипаришуда дар олам 2 ҳазору 731 нафар аз ин беморӣ фавтиданд ва шумори умумии ҷонбохтагон бар асари КОВИД-19 ба 982 ҳазору 20 нафар расидааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ теъдоди шифоёфтагон аз коронавируси навро 23 миллиону 682 ҳазору 42 нафар эълон кард. Вазорати тандурустии кишвар шифоёфтагон аз коронавирусро 8244 ё худ 87,0% гуфт.
Дар миёни кишварҳои Осиё Ҳиндустон дар марг бар асари коронавирус КОВИД-19 дар ҷойи аввал аст. Аз оғоз то ба имрӯз дар ин кишвар бештар аз 90 ҳазор нафар аз ин беморӣ ҷон бохтаанд, ки ин 1,59% сироятшудагон мебошад.
Дар Эрон низ шумори зиёди фавтидагон ба қайд гирифта шудааст. Мақомот гуфтанд, ки то кунун аз ин беморӣ беш аз 24,6 ҳазор нафар ҷон доданд.
Рӯзи сешанбе дар Исроил шумори рекордии сироятшудагон ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. Вазорати беҳдошти ин кишвар шумори дар як шабонарӯз сироятшудагонро 6861 нафар эълон кард. Тибқи арзёбии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Исроил болотарин сатҳи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст: 2000 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ.
Рӯзи чоршанбе Арабистони Саъудӣ хабар дод, ки дарҳои шаҳри Макка ба рӯи зоирон боз шудааст. Шаҳрвандони Арабистон аз 4 октябри соли равон метавонанд вориди Макка шаванд ва хоҳишмандони ҳаҷи умра аз кишварҳои хориҷ аз 1 ноябр метавонанд ба зиёрати Хонаи Худо сафар кунанд. Дар аввал шумори зоирон дар як рӯз маҳдуд ба 20 ҳазор нафар хоҳад буд.
Он шаҳрвандони Русия, ки аз хориҷи кишвар меоянд, бояд муддати муайян, то ба даст омадани натиҷаи санҷиши тестӣ ба КОВИД-19 дар хона бимонанд. Қарори Роспотребнадзор ахиран дар сомонаи ин ниҳод интишор ёфтааст. Ин ҳуҷҷат аз 24 сентябри соли равон ба ҷиро медарояд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон то соати 17:00 рӯзи чоршанбе дар ин кишвар 53 ҳазору 275 (+590) нафар сироятшуда ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз марги як нафари дигар аз коронавирус КОВИД-19 хабар дод. Акнун шумори фавтидагон аз ин беморӣ дар кишвар ба 74 нафар расид.