Сарварони идораҳои давлатҳои узви СҲШ ба таҳкими ҳамкориҳо таъкид карданд
Чоп шуд: 11/11/2019 | redaktorСарварони идораҳои давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар нишасти Деҳлӣ ба таҳкими ҳамкориҳо дар пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода мувофиқат карданд. Дар ин ҷаласа, ки охири ҳафтаи гузашта баргузор шуд, натиҷаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид, ҳамчунин тарҳи нави ин ҳамкориҳо тасдиқ шуд.