23 сентябри соли 2020 дар саросари олам 31 миллиону 783 ҳазору 764 ҳодисаи сироят ба коронавирус Covid-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори нав сироятёфтагон дар як шабонарӯзи гузашта 106 ҳазору 456 нафар афзуд. Бар асари мубталоӣ ба коронавирус 975 ҳазору 471 фавтиданд. Шабонарӯзи гузашта дар олам аз коронавирус 2 ҳазору 818 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба ҳамин маълумот ҳоло дар кулли кишварҳои дунё аз коронавирус 23 миллиону 400 ҳазору 905 нафар пурра шифо ёфтаанд.
Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар кишвар 44 нафар сироятшудагони нав ба қайд гирифта шуданд. Ин манбаъ шумори гирифторон аз аввалро 9432 ва шифоёфтагонро 8192 (86,9%) эълон кард. Аз коронавирус КОВИД-19 73 нафар дар кишвар фавтидаанд.
Рӯзи сешанбе шумори фавтидагон аз коронавирус дар ИМА ба 200 005 нафар расид.
Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон рӯзи сешанбе дар бораи роҳандозии чораву тадбирҳои нави маҳдудкунанда барои мубориза бо коронавирус дар қаламрави шоҳаншоҳӣ эълон кард. Ин маҳдудиятҳои нав муддати шаш моҳи ояндаро дар бар хоҳанд гирифт ва асосан ба фаъолияти барҳо, тарабхонаҳо, доштани ниқоб ва қоидаҳои равуо дар нақлиёт дахл хоҳанд дошт.
Финляндия қасд дорад марзҳояшро барои сайёҳон аз Эстония, Шветсия ва Норвегия бандад. Сабаби ин тасмим авҷи нави коронавирус дар ин се кишвар аст.
Президенти Туркия Раҷаб Тайит Эрдуғон гуфт, ки воксансозӣ набояд ба як мусобиқа табдил ёбад.
Русия пешниҳод кард, ки дар мавриди сохтани воксан бар зидди КОВИД-19 як конфронси байналмилалии сатҳи олӣ бо ширкати кишварҳо ва муассисаҳои манфиатдор ба сохтани ин воксан даъват карда шавад.
Амрикои Лотин ҳамоно як минтақаи дар сироят ба коронавирус вазнин боқӣ мемонад. Дар ин қитъаи олам то кунун наздик ба 8,7 миллион нафар мубталои КОВД-1д шудаанд.
Аз ин миён Бразилия бадтарин ҳол дорад. Дар ин кишвар сироятшудагон бештар аз 4 миллион нафаранд.
Нуҳумин рӯз аст, ки шумори сироятёфтагон дар Русия пайваста меафзояд ва чорумин рӯз аст, ки он аз 6 ҳазор боло меравад.
Агар бо усули Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Роспотребнадзор ҳисобу китоб шавад, пас дар Қирғизистон алалкай наздик ба 200 000 нафар мубтало ба COVID-19 шуданд. Дар ин бора ҷонишини вазири тандурустии ин кишвар Мадемин Каратаев хабар дод.
Шуморои фавтидагон аз коронавирус дар Ӯзбекистон ба 440 нафар расид. Ӯзбекистон ва Иморати Муттаҳидаи Араб зидди КОВИД-19 муштаракан мубориза мебаранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон бо Москав масъалаи шарту шароити расонидани воксан аз COVID-19-ро барарсӣ мекунад.