Китобхонаҳо дар давраи бемории Сovid-19

Аз хуруҷи бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон, се семоҳа мегузарад. Дар ин муддат зиндагии башарият ба тағйироти зиёде рӯ ба рӯ гардид. Шак нест, ки ин вирус ба тамоми шохаҳои муносибот ва фаъолияти одамӣ таъсир расонид аз ҷумла, дар муносибатҳои шахсию иҷтимоӣ. Дар ин давраи вирусӣ бахшҳои илму фарҳанг низ ба таври иҷборӣ ба таътил рафтанд ва кишварҳои олам саъй мекунанд, ки аз ҳузури физикӣ дар китобхонаҳо низ худдорӣ кунанд. Ҳарчанд омӯхтани илм ҳеҷ гоҳ таътилро намепазирад.

Албатта ҳифзи саломатии хонандагону доништалабон аз авлавиятҳои ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин хотир, Анҷумани китобхонаҳои Амрико тавсия медиҳад, ки китобхонаҳо ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ ба муҳлатҳои номуайян фаъолиятҳои хешро қатъ намоянд. Китобхонаи Конгресси Амрико низ ҳамин равандро пеш гирифтааст ва дар ҳоли ҳозир 3000 китобхона дар саросари кишвари Амрико аз китобхонаи Конгресс пайравӣ кардаанд.

Акнун дар чунин шароит нақши китобхонаҳо ва китобдорон дар чист? Китобхонаҳо дар саросари дунё ба вазъияти ногувор рӯ ба рӯ гаштаанд ва қатъ гаштани фаъолияти китобхонаҳо кори одамони зиёдеро мушкил кардааст, ҳарчанд, ки ин танҳо роҳ барои ҳифзи саломатӣ бошад.

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳо ва муассисаҳои китобхонаҳо бо дарназардошти вазъи эпидемиявӣ ва раванди муборизаи давлатҳо алайҳи COVID-19 тавсияҳои махсус ироа кардааст, аз ҷумла барои кишварҳое ба мисли Тоҷикистон, ки шароити таътилии комил ва гоҳо ниматаътил доранд ин маворидро пешниҳод мекунад.

Дар бисёре аз кишварҳо иқдомҳои сахтгирона ва маҳдудиятҳои шадид ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 вуҷуд дорад. Дар ин шароит китобхонаҳо метавонанд иқдомоти зеринро дар сархати барномаҳояшон қарор диҳанд:

  • Бояд мутмаин шуд, ки кормандон фосилаи иҷтимоиро риоя мекунанд.
  • Ташкили барномаҳои махсус барои дастрасӣ ба китобҳои электронӣ.
  • Дароз намудани муддати истифодаи китобҳое, ки тариқи абонемент гирифта мешаванд.
  • Ташкили шароити махсус барои ҳифзи васоили муҳофизатии шахсӣ.
  • Тарғиби китобхонаҳои электронӣ ҷиҳати истифодаи фаровон аз он.

Як саволи муҳим барои бисёре аз одамон дар самти фаъолияти китобдорӣ дар мавриди хатари мубтало шудан ба коронавирус ба воситаи дастрасонӣ ба маводи ҳомили вирус мебошад.  Равшан аст, ки огоҳии мо дар бораи ин вирус дар марҳилаи аввалия қарор дорад аз ин рӯ, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштӣ барои тамоми одамон, махсусан кормандон ва хонандагон дар китобхонаҳо зарур мебошад. Чи тавре, ки донишмандон иттилоъ медиҳанд, вируси COVID-19 метавонад ба воситаи ашёи мухталиф ба инсон сироят кунад. Тибқи андешаи табибони сироятшинос вируси COVID-19 дар рӯйи зарфҳои пластикӣ ба муддати зиёд ва рӯйи ашёи муқовадор ё мисӣ муддати кӯтоҳе зинда боқӣ мемонад.

Як конфронси видеоӣ, ки тавассути осорхона ва муассисаҳои китобхонавӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид, нишон медиҳад, ки хатари коғаз нисбат ба ашёи сахти дигар камтар аст. Кишвари Нидерландия ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки эҳтимоли ибтило ба вирус аз ашёи коғазии хориҷ аз китобхона – ба унвони мисол дар хизматрасонии почта – аз қабили номаи почта, кам аст. Ба назар чунин мерасад, ки хатари ашёе монанди дастаи дарҳо, калидҳо, таҷҳизоти компютер, CD ва DVD-ҳо бештар аст, бинобарин ин мавод бояд ба таври доимӣ безарар гардонида шаванд.

Бо вуҷуди ин, дар шароите, ки хатари гирифторшавӣ ба беморӣ аз тариқи тамос бо китоб вуҷуд дорад, бояд сабр кард то муддати зинда мондани вирус ба поён расад ва ё бо маҳлулҳои безараргардонӣ поккорӣ карда шаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ, дар бархе аз китобхонаҳо пеш аз даст задан ба китобҳои баргардонидашуда, муддати муайянро таъйин кардаанд то вируси мавҷуд дар китоб бимирад. Ин дар ҳолест, ки бархе китобхонаҳо дар ҷаҳон эълон кардаанд, ки то замоне, ки вирус вуҷуд дорад, интизор намеравад, ки касе китобҳои ба тариқи абонемент гирифташударо ба китобхонаҳо бар гардонанд. Аммо муассисаи Беҳдошти умумии Англия эълон кардааст, ки хатари ба миён омада, тавассути манобеи коғазӣ баъд аз 24 соат аз байн меравад. Иттиҳодияи китобхонаҳои Олмон ин тавсияро таъйид кардааст, дар ҳоле, ки Иттиҳоди китобхонаҳои Австрия хотиррасон намудааст, ки қабл аз варақгардонии саҳифаҳо набояд ангуштони хонандагон намнок бошанд, ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки аз маводи антисептикӣ барои муқоваи китоб истифода шавад.

Дар мавридҳое, ки истифода аз маводи спиртӣ ё маводи тамизкунанда ба манобеи китобхона осеб мерасонад, иқдомоти беҳдоштӣ монанди шустани дастҳо бо обу собун ва даст нарасонидан ба сару рӯй зарур аст. Ҳарчанд, ки китобхонаи Конгресс таъкид карда аст, ки вақт худ поккунандаи хубе аст.

Китобхонаҳо дар сартосари дунё талоши зиёде кардаанд то хизматрасонӣ аз роҳи дурро фароҳам кунанд. Ҳамаи китобхонаҳо мекӯшанд хизматрасонии электронии худро рушд диҳанд. Барои мисол, Китобхонаи миллии Фаронса намоишгоҳҳои маҷозӣ ташкил кардааст. Китобхонаи миллии Испания зарфияти китобҳои электронии худро таблиғ мекунад. Китобхонаи миллии Марокаш китобҳои электрониро ба таври ройгон пешкаши хонандагон карда истодааст. Китобхонаҳои умумӣ дар Дания манобеи электронии худро дар саҳифаи аввали сомонаи расмии худ қарор додааст. Китобхонаи умумии Ню-Йорк бошад, нишастҳои китобии онлайнро ба роҳ мондааст. Дар кишвари Малайзия дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии китоб 23-юми апрел ширкати Lets Read Together мардумро ташвиқ кардааст то ба сурати онлайн китоб мутолиа кунанд.

Дар китобхонаҳои донишгоҳӣ низ талоши бештаре барои пешниҳоди хизматрасонӣ аз роҳи дур анҷом дода мешавад. Ба унвони мисол аз тариқи дархостҳои онлайнии китоб дар яке донишгоҳҳои Бангладеш ё аз тариқи тамоси телефонӣ дар донишгоҳе дар Африқои ҷанубӣ, ин равиш ба роҳ андохта шудааст. Китобхонаи донишгоҳи Малайя дар Малайзия дар ҳоли рушди василаҳои осонгардонии ҷустуҷӯи онлайн ва таҳияи шиору овезаҳо барои шарҳи хизматрасониашон аст, дар ҳоле, ки китобхонаи донишгоҳе дар Арманистон фурсатҳоеро барои иртибот аз роҳи дур бо китобдорон фароҳам кардааст.

Агарчи, аксари китобхонаҳои дунё бо сабаби хуруҷи бемории COVID-19 фаъолияташонро ба таври муваққатӣ қатъ намуданд, вале бинобар сабаби оне, ки ин беморӣ дар Тоҷикистон шиддати камтар дошт, фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ин давра қатъ нагардид. Ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои беҳдоштӣ роҳандозӣ гардида, бастани ниқоб, истифода аз маводи антисептикӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ барои ҳам кормандон ва ҳам хонандагон ҳатмӣ гардид. Дар даромадгоҳи бинои Китобхона низ тамоми афроди воридшаванда аз ҷониби табибон мавриди санҷиш қарор мегиранд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ин давра фаъолияташро танҳо дар як баст ба роҳ монд дар ҳоле, ки қаблан дар ду баст барои муштариён хизмат мерасонид.

Боиси зикр аст, ки бо таъсири бемории COVID-19 шумораи хонандагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маротиб кам гардид. Масалан, дар шаш моҳи аввали соли 2020 шумораи хонандагони Китобхона 126827 нафарро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019, 109074 нафар кам мебошад. Диҳиши адабиёт бошад дар ин давра 161109 нусхаро ташкил додааст, ки нисбат ба давраи мушобеҳи соли қаблӣ 173486 нусха кам аст.

Таъсири ин вируси нохонда дар тамомии шохаҳои фаъолияти башарӣ эҳсос мегардад, аммо умед бар кашфи воксан алайҳи ин вирус ва баргаштан ба зиндагии маъмулии инсоният мебандем.

 

ҲАДИЯТУЛЛОҲИ Амриддин

Сардори шуъбаи котиботи Китобхонаи миллии Тоҷикистон.