Аз беназоратиии волидон як писарчаи шашсола дар канали “Куктоши поён” ғарқ шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: БАЧАҲОРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД!

Рузи 12 – уми сентябри соли равон тахминан соати 17:00 як истиқоматкунандаи шаҳраки Навбаҳор, ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамагӣ 6 сол доштааст, аз беаҳамияти волидайн ҳангоми убур аз пули канали “Куктоши поён” ба оби канал сарозер шудааст. Эҳтимолан вай ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати Чоргултеппа равон будааст.

Ба ҷойи ҳодиса фавран имдодгарони Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расиданд. Ҷустуҷӯ то торикӣ, тақрибан то соати 19:30 дақиқа идома дошт, аммо бенатиҷа анҷом гирифт.

Субҳи бармаҳали рӯзи 13-уми сентябр, тахминан соати 06:20 дақиқа ҷасади ноболиғро хешовандони наздикаш 2 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба волидон ҳушдор дода буд, ки бачаҳоро беназорат нагузоранд. Агар дар ин рӯйдод ҳамроҳи ин бачаи шашсола шахси калонсоле мебуд, яқинан фоҷеа рух намедод.

барчасп: