Дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷониба дар мавриди омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ, Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ давраи омӯзишӣ барои 18 нафар наҷотдиҳандагони ҷавони Кумита оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сарвари Намояндагии САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Валериу Кивер, Намояндаи муваққатӣ дар корҳои Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Петра Гаапарова ширкат намуданд.
Раиси Кумита зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ ба шарикон барои дастгирии бозомӯзии наҷотдиҳандагон изҳори сипос кард ва зикр намуд, ки ин давраи омӯзишӣ имкон хоҳад дод малакаву маҳоратҳои наҷотдиҳандагон такмил ёбад ва дар навбати худ он ба наҷоти одамон аз хатарҳои эҳтимолӣ таъсири худро хоҳад гузошт.
Ин омӯзиш 26 рӯз идома хоҳад кард ва дар ин муддат наҷотдиҳандагон бо шеваҳои гуногуни наҷот бо истифода аз як силсила таҷҳизоти махсуси наҷот ва воситаҳои муҳофизатӣ омӯзиш хоҳанд дид.
Ин тамрин аз ҷониби мураббиёни соҳибтаҷрибаи Кумита ва дигар идораҳои кишвар гузаронида мешавад.