COVID-19 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 сентябр: Шумори мубталоён дар олам ба 29 миллион наздик мешавад

Аз оғози ҳамагирии коронавирус COVID-19 дар саросари олам 28 миллиону 759 ҳазору 36 нафар сироят шудаанд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки зарфи як шабонарӯз қариб 308 ҳазор нафар сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд.  

Дар ИМА,  Ҳиндустон ва Бразилия аз оғози пандемия 4 миллион нафар гирифтор шудаанд. 

Як гурӯҳи духтурони обрӯманд дар Фаронса  аз аҳолии ин кишвар даъват кардаанд, ки аз мулоқотҳои хусусӣ даст кашанд. “Баъди дидорҳои нишотбахши тобистонӣ ҳоло вақти он расидааст, ки ба эҳтиёткорӣ баргардем”. “Одами зиёд дар хонаи танг хатари сироятро бештар мекунад, чун дар хонаи тангу одами зиёд ҳавои тоза камтар аст”,-огоҳ мекунанд мутахассисон.

Рӯзи ҷумъа қарор аст ҳукуматдорони Фаронса ташдиди як қатор чораҳои пешгирӣ аз густариши коронавирусро баррасӣ кунанд. Вазъи эпидемиологӣ дар бисёре аз ноҳияҳои Аврупои Ғарбӣ нигаронкунанда аст. 

Рӯзҳои истироҳа шумори сироятёфтагон дар як шабонарӯз дар Британияи Кабир аз 4 ҳазор нафар боло рафт. Дар ин кишвар бори дигар ҷамъомади одамони зиён манъ шуд. Дар Англия ва Шотландия акнун одамон беш аз 6 нафар набояд ҷамъ оянд. 

Ҳукумати Исроил эълон кард, ки аз ҷумъаи оянда дар кишвар инзивои сахтгиронаи сеҳафтина эълон мешавад, ки ҳадафи он боздоштани суръати густариши коронавирус аст. 

Дар Фаронса зарфи як шабонарӯзи гузашта 10 ҳазору 561 нафар сироятшудагон ба коронавируси навъи нав кашф шуд.

Сироят ба КОВИД-19 дар Украина (3144 нафар) ва Ҷумҳурии Чех (1382 нафар) ба ҳадди рекордӣ расид. Мақомоти ин ду кишвар ба ин назаранд, ки одамон баъди карантини аввала бепарво шуданд ва қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарданд. 

Дар Ҳинд дар як шабонарӯз 96 ҳазор нафар сироятёфтагони нав ба қайд гирифта шуданд. Бештар аз як ҳафта аст, ки дар ин кишвар ҳар рӯз бештар аз 90 ҳазор нафар чун мубталои нав сабт мешавад.  

Федератсияи Русия бо 50 кишвари олам масъалаи расонидани воксане, ки Маркази ба номи Гамалеи  омода кардааст, гуфтушунид мекунад. Дар ин бора сарвари ин Хазина Кирилл Дмитрев хабар додааст. Вай гуфтааст, ки ҳоло Русия танҳо “шумори муайяни” доруро истеҳсол мекунад, аз ин рӯ кишварҳое, ки ҳамкорӣ мекунанд низ маҳдуданд. 

Дар як шабонарӯз дар Ӯзбекистон 226 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шудааст. 77 ҳодиса дар пойтахти ин кишвар шаҳри Тошканд, 53 ҳодиса дар вилояти Самарқанд, 30 нафар дар вилояти Тошканд ва 21 нафар дар вилояти Антиҷон сабт шудаанд. 

Дар Тоҷикистон шуморо муолиҷашудагон аз коронавируси навъи нав афзудааст. Бино ба хабари Вазорати тандурустӣ в аҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикитсон шабонарӯзи гузашта дар кишвар 35 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30 апрел то 13 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9049 нафар расид.

Ин манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7816 ё худ 86,3%-и гирифторон шифо ёфта, 72 нафар вафот кардаанд.

«Шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд».

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

барчасп: