Моҳи августи соли ҷорӣ дар Ҳинд қариб 2 миллион нафар мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва мақомоти ин кишвар мегӯянд ин болотарин нишондиҳанда аз замони оғози ин беморӣ буд. Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА дар олам 25,5 миллион нафар ба КОВИД-19 суроят шудаанд ва бештар аз 850 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Вазхорати тандурустии Тоҷикистон хабар дода, ки то 1 сентябри соли равон дар кишвар 7413 нафар беморон шифо ёфта, 69 нафар фавтиданд. Шумори умумии мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон 8619 нафар эълон шуд.
Дар саросари олам мактабҳои дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз карданд. Ба назар мерасад шавқи таҳсил дигар нагузошт донишҷӯёну хонандагон аз мактаб монанд ва кишварҳо ҳам бо муҳайё кардани шароит ва ҷорӣ намудани низомҳои нав дари муассисаҳои омӯзиширо ба рӯи хонандагон боз карданд.
Дар Фаронса баъди таътили думоҳа 12,4 миллион бачаҳо ба мактаб баргаштанд. Вазири маорифи Фаронса Жан-Мишел Бланке ба хонандагон ва водидонашон муроҷиат кард ва гуфт: “Натарсед!” Тибқи қоида мактаббачагони аз 11-сола боло ва муаллимони онҳо бояд ниқоб пӯшида бошанд.
Гуфтанист, ки тобистон дар Фаронса густариши коронавирус ба қайд гирифта шуд. Танҳо моҳи август шумори сироятшудагон дар ин кишвар 50% афзуд ва ба 281 ҳазор расид. Ин ҳам дар ҳоле, ки охири моҳи июл 188 ҳазор нафар сироят шуда буданд.
Дар Испания, ки низ тобистон коронавирус ба авҷ расида буд, қарор шуд, ки хонандагони аз шашсола боло бояд ниқоб пӯшанд, ба ҳамаи онҳо тавсия шудааст, ки рӯзе на камтар аз 5 бор дастони худро бишӯянд. Шумораи хонандагон дар синфҳо аз 25 нафар камтар шуд ва ҳукуматҳои маҳаллӣ ба муаллимон маоши иловагӣ таъин карданд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳарчанд сафи гирифторон дар моҳи август афзуд, вале марг бар асари ин вирус 0,4% коҳҳиш ёфт.
Хонандагон дар Италия фосилаи як метрро риоя мекунанд. Ба нақлиёти ҷамъиятӣ ҳукуматдорон фурӯши 80% ҷойҳоро иҷозат додаанд, то хонандагон сари вақт ба макони таҳсили худ ҳозир шаванд.
Дар Белгия рӯи 1 сентябр 1,2 миллион хонандагон шуруъ ба таҳсил карданд. Миёни дарсҳо хонандагони синфҳои гуногун набояд бо ҳам мулоқот кунанд, ҳавои синфхонаҳо зуд-зуд тоза карда мешаванд, хонандагон ва муаллимон бояд ҳангоми дарсҳо ҳатман ниқоб дошта бошанд.
Дар Англия ва Уэлс хонандагон ин ҳафта рӯзҳои мухталиф ба мактабҳо бармегарданд. Бисёри онҳо зарфи ин ним соли охир, ки дар кишвар карантини сартосарӣ эълон шуда буд, бори аввал дари синфхонаҳои худро боз мекунанд. Ҳукуматдорон дар оғоз ба он таъкид мекарданд, ки пӯшидани ниқоб ҳатмӣ нест, вале охири ҳафтаи гузашта доштани ниқоб дар роҳравҳо барои хонандагони синфҳои болоӣ ҳатмӣ шуд. Вале боз ҳам на дар дар кулли мамлакат.
Рӯзи сешанбе дар Ҳинд барои дохилшавандагони донишгоҳҳои маъруфи муҳандисӣ имтиҳонҳо оғоз шуданд. Каме пештар донишҷӯён ба ин умед буданд, ки ҳукуматдорон имтиҳонҳоро мавқуф мегузаранд, то сафи сироятшудагон наафзояд. Онҳо метарсанд, ки ба вирус сироят шуда, дар хона онро ба солмандон мегузаронанд ва ҳаёти онҳоро зери хатар мегузоранд. Вале агентии миллии имтиҳоноти Ҳинд қарор кард, ки имтиҳонҳо сари вақт ва дар вақти таъиншуда баргузор шаванд. Ин имтиҳонҳо қарор аст то 6 сентябр идома кунад ва 850 ҳазор нафар донишҷӯён онро дар 660 маркази қабул дар саросари кишвар хоҳанд супурд.