Ноҳияи Айнӣ: Ҷасади як нафар аз чор тан аъзои як оила, ки дар Фондарё ғарқ шуда буданд, пайдо шуд. Ҷустуҷӯи дигарон идома дорад

Аз ин рӯйдоди мудҳиш хабар дода будем. Субҳи рӯзи 14-уми августи соли равон 4 узви як хонавода аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айнӣ, ки бо заврақи худсохт мехостанд дарёро убур кунанд, ғарқ шуданд. То кунун ҳама талошҳо барои пайдо кардани ҷасади онҳо бенатиҷа наҷом шуда буд.
Мудҳиштарин фоҷеаи рӯз. Ҳалокати як хонаводаи чорнафара дар Айнӣ

Наздик ба шоми дирӯз, 31-уми август наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Зарафшон ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоева 33-соларо аз ҳудуди маркази ноҳияи Айнӣ, соҳили дарёи Зарафшон мавзеъи зеристгоҳи баркӣ пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҷустуҷӯи се ҷасади дигар идома дорад.

 Ғарқшудагон:

  1. Шомирзоев Исмоил соли таваллудаш 1959
  2. Шоҳмирзоева Гулҳавас соли таваллудаш 1987
  3. Наврузов Пурдил соли таваллудаш 2018, набераи Шомирзоев И.
  4. Пирова Наврузмо соли таваллудаш 1990,  келини  оила.

БОЗ ДАР ИН МАВЗӮЪ: