Сумангул Бердова тайи 20 сол аст, ки ба ҳайси навбатдори қисми навбатдории раёсати Хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд. Дар таҷрибаи хеш зиёд ҳодисаҳоро дидаву шунидааст ва хуб медонад, ки дар фаъолияти ӯ оҷилият дар садри аввал қарор дорад. Навбатдорӣ ва ба танзим даровардани алоқа, қабул намудани хабарҳо оид ба вазъи ҳолатҳои фавқулода аз вазифаҳои асосии ӯ буда, аз садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуше, ки дар ҳудуди кишвар ба амал меоянд, зуд хабардор мегардад. Маълумот оид ба ҳодисаро Сумангул бештар тариқи навбатдори оперативии кумита дастрас ва фавран наҷотдиҳандагонро аз ҳодиса огаҳ сохта, дар зарфи 5 дақиқа ба макони зарурӣ сафарбар месозад.
Ин иқтибосе буд аз маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” дар бораи Сумангул Бердова - навбатдори қисми навбатдории раёсати Хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Барои пурратар ошно шудан бо ҳаёт ва фаъолияти кории Сумангул Бердова ба шумо мутолиаи мақолаи Омина Хоҷаева “Оҷилият аз лаҳзаи аввал”-ро тавсия медиҳем, ки дар шумораи навбатии маҷаллаи ёдшуда чоп шудааст.
Мақола ин ҷост: “Оҷилият аз лаҳзаи аввал”