Олимон маргумири умумии ҳашаротҳо ва моҳиёни дарёиро пешгӯӣ карданд

Як пажӯҳиш мегӯяд зимистони гарм дар қаламрави Русия метавонад муҷиби маргумири бесобиқаи ҳашараҳо ва моҳиҳои дарёӣ шавад. Онҳо мегӯянд гармои сартосарӣ, ки ҳоло ба дамои ҳаво дар фасли зимистон ҳам асар гузоштааст, метавонад ба таври фоҷеабор насли хомӯшакҳоро кам кунад ва муҷиби он шавад, ки теъдоди моҳиҳои дарёӣ то се баробар коҳиш ёбад. Дар ин бора ахиран рӯзномаи “Известия” чопи Маскав навишт.

Коронавирус: Талошҳои байналмилалӣ. Нигарониҳо аз эпидемияи сартосарӣ дар олам

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебреисус изҳор дошт, ки мубориза бо густариши короновирус ба марҳилаи ҳалкунандаи худ расидааст. Камбудиҳо дар омодагӣ ба ин мубориза барои ҳар кишвар метавонад фалокатбор бошад. Аммо имрӯз яқин шудааст, ки агар тадбирҳои дуруст андешида шаванд, аз густариши вирус метавон пурра пешгирӣ кард.

Иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар омӯзиши мудофиаи гражданӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 50 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказиро, ки дар маркази шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, дар мавриди амали дуруст дар ҳолатҳои фавулодаи гуногун омӯзиш доданд.

Дар қаламрави Раёсат кормандон “Рӯзи дарҳои боз”

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз гирифторӣ ба короно дар Эрон, Корея ва Италия изҳори нигаронӣ кард

Дабири кулли созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши ногаҳонии сироятшудагон ба короно дар Эрон, Корея, Италияро бисёр нигаронкунанда хонд, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ҳоло ҳам аз густариши он метавон ҷилавгирӣ кард, чун ба ҳадди эпидемия нарасидааст. Теодор Аданом Гебреисус рӯзи гузашта эълон кард, ки шумори мубталоёт ба Covid-19 дар Италия ба 453 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯз гирифторони ...

Пажӯҳиш: Вируси короно дар либос беш аз як ҳафта боқӣ мемонад

Короновируси нав метавонад дар сару либос ва дигар ашёи рӯзгор муддати бештар аз як ҳафта зинда бимонад.  Бино ба навиштаи The Journal of Hospital Infection, олимон, ки дар гузашта вирусҳои SARS ва MERS-ро омӯхта буданд, мегӯянд геноми ин се вирус ба ҳам монанд аст. Маълум мешавад, ки микроорганизмҳои беморизо қудрати онро доранд, ки дар модаҳои мухталиф ба мисли дарахт, коғаз, пластика, шиша ҳифз шавад ...

Страницы