Дабири кулли созмони ҷаҳонии тандурустӣ афзоиши ногаҳонии сироятшудагон ба короно дар Эрон, Корея, Италияро бисёр нигаронкунанда хонд, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ҳоло ҳам аз густариши он метавон ҷилавгирӣ кард, чун ба ҳадди эпидемия нарасидааст. Теодор Аданом Гебреисус рӯзи гузашта эълон кард, ки шумори мубталоёт ба Covid-19 дар Италия ба 453 нафар расидааст. Зарфи як шабонарӯз гирифторони ин беморӣ дар ин кишвар се баробар афзудааст. Се нафар муолиҷа шудаанд ва 12 тани дигар фавтиданд.
Рӯзи гузашта аввалин ҳодисаи сироят ба короновирус дар Гурҷистон ва Покистон низ ба қайд гирифта шудааст. Гуфта мешаад, ки марди гурҷӣ аз Эрон аз тариқи Озарбойҷон ба Гурҷистон расида буд, сироят шудааст.
Покистон ҳам эълон кард, ки аввалин ҳодисаи сироят ба короноро дар шаҳри Корочӣ ба қайд гирифтааст. Дар баёнияи масъули ҳамоҳангӣ бо расонаҳо дар вазорати рифоҳ ва беҳдошти Покистон омадааст, ки ин бемор марди 22-солае будааст, ки дар сафар ба Эрон ба короно сироят шудааст. Ҳоло мақомоти беҳдошти Покистон ин мард ва аҳли хонаводаи ӯро дар карантин нигоҳ медоранд. Идораи беҳдошти Покистон ҳамчунин эълон кард, ки марди сироятшуда бо ҳавопаймо ба Корочӣ омадааст ва ҳоло кулли мусофирони ин ҳавопаймо барои вируси короно мавриди ташхис қарор хоҳанд гирифт.
Дар Алҷазоир як шаҳрванди Италия, ки рӯзи 17 феврал ба ин кишвар мусофират кардааст, ба короновирус сироят шудааст. Дар Бразилия марди 51-солае, ки дар Италия дар сафари хидматӣ буд, сироят шудааст. Ва ин аввалин мавриди сироят ба короновирус дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ мебошад.
ВА БОЗ:
§ ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ тамрини муштараки низомии худро барои муҳлати номуайян мавқуф гузоштанд. Дар Кореяи Ҷанубӣ то кунун 334 нафар сироятёфтагон ба вируси Covid-19 ба қайд гирифта шудаанд.
§ Арабистони Саудӣ вуруди хориҷиён ба Макка ва Мадина ҷиҳати адои ҳаҷро манъ мекунад. Вазорати умури хориҷии Арабистон ахиран эълон кард, ки вуруди ҳамаи шаҳрвандон аз он кишварҳое, ки гирифторони вируси Covid-19 доранд, манъ мекунад.
§ Дар Ироқ баргузории ҳар гуна чорабиниҳо лағв шудааст, мактабҳо муваққатан баста мешаванд. Кувайт ва Баҳрайн низ ба ҳамин гуна иқдом даст задаанд.
Рӯзи чаҳоршанбе дар Чин аз короновирус 29 нафар фавтиданд, ки ин пасттарин омори марг бар асари сирояти ин беморӣ дар Чин аз замони оғози эпидемия буд. Як рӯз пеш аз фавти 52 нафар хабар дода мешуд.