Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ 50 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказиро, ки дар маркази шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, дар мавриди амали дуруст дар ҳолатҳои фавулодаи гуногун омӯзиш доданд.
Дар қаламрави Раёсат кормандон “Рӯзи дарҳои боз” гузарониданд ва ба донишҷӯён дар бораи он нақл карданд, ки ба муҷарради дарёфти сигналҳои мудофиаи гражданӣ, чӣ бояд кард ва кадом амалҳоро бояд анҷом дод. Ба донишҷӯён пӯшидани ниқоби зидди газро омӯзониданд ва қоидаҳои оддии амал дар ҳолатҳои фавқулодаро низ нишон доданд.
Дар ҷараёни суҳбатҳо кормандони Раёсат ба донишҷӯён дар бораи намудҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, таърихи таъсис ва ташаккули идораи наҷоти кишвар нақл карданд.
Ғайр аз ин, имкониятҳои техникии мошинҳои махсусро нишон дода, ҳамчунин ба онҳо имкон доданд, ки худро дар нақши наҷотдиҳанда тасаввур карда, амалиётҳои соддаи наҷоти шахсро иҷро кунанд.