Короновируси нав метавонад дар сару либос ва дигар ашёи рӯзгор муддати бештар аз як ҳафта зинда бимонад. Бино ба навиштаи The Journal of Hospital Infection, олимон, ки дар гузашта вирусҳои SARS ва MERS-ро омӯхта буданд, мегӯянд геноми ин се вирус ба ҳам монанд аст. Маълум мешавад, ки микроорганизмҳои беморизо қудрати онро доранд, ки дар модаҳои мухталиф ба мисли дарахт, коғаз, пластика, шиша ҳифз шавад ва неруи сироятии худро дар ҳарорати дохили хона муддати то 9 рӯз нигоҳ доранд.
Духтурон баъди таҳқиқ ба ин натиҷа расидаанд, ки муҳлати зинда мондани вирус дар ҳарорати паст ва боло будани сатҳи намӣ меафзояд. Яъне агар муҳити вирус сардтар бошад ё намнок, имкони зинда мондани вай бештар аст, менависад Beijing News. Аз ин рӯ, онҳо ба кормандони бемористонҳо тавсия додаанд ва ҳамзамон аз онҳо талаб кардаанд, ки муттасил ашёи атрофро тамъиз кунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Кумитаи давлатии тандурустии Чин ахиран эълон крада буд, ки короновирус бештар аз роҳҳои ҳавоӣ сироят мекунад.