Селҳои харобиовар дар кишвар. Шарҳи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Баҳор ва рӯзи аввали Наврӯз барои баъзе ноҳияҳои кишвар нобарор омад. Боронҳои шадид дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ сабаби омадани сели харобиовар шуд. Як сокини 59-солаи Хуросон дар ин сел ба ҳалокат расид. Ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ, роҳҳо, заминҳои кишт ва ҳавлиҳои сокинон зарар расид, ки ҳаҷми он муайян карда мешавад.

Чораҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар дар ВМКБ

Кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар мактаб-литсеи Оғохон дар шаҳри Хоруғ ҳафтаи донистаниҳо дар мавриди мудофиаи гражданӣ гузарониданд. Тарбиягирандагон таҳти роҳбарии наҷотдиҳандагон малакаҳои риояи қоидаҳо дар ҳолатҳои фавқулодаро тамрин карданд.

Ҳафтаи донишҳои мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии

Наврӯзу баҳор муборак!

Муҳтарам корбарони сомона!

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо самимона ба муносибати фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонафрӯз – қадимитарин ва ҳамзамон замонатарин ҷашн муборакбод мекунад!

Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ашёи ҳифозатӣ аз короновирус тақдим шуд

Бо мақсади омодагӣ ба паҳн шудани вируси короно COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОРОНОВИРУС: Охирин хабарҳо аз саросари ҷаҳон

Бар асоси тозатарин омори давлати Италия рӯзи гузашта дар ин кишвар 475 нафар аз сирояти вируси короно ҷон доданд. Ин бештарин омори марги одамон аз замони пайдоиши ин вирус дар олам аст. То имрӯз дар Италия ҳудудан 3 ҳазор нафар аз бемории короно фавтидаанд, ки ин тақрибан баробар ба маргумир дар Чин – маркази пайдоиши ин беморӣ мебошад. Италия ахиран ҳамчунин теъдоди мубталоён ба ин вирусро 35 ҳазору 700 нафар

Страницы