Бо мақсади омодагӣ ба паҳн шудани вируси короно COVID-19 ва дар доираи татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули воситаҳои ҳифозатӣ баргузор шуд.
Дар ин маросим Раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода, сарвари Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ ва Директори Дафтари намояндаии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Валбург Росс иштирок намуданд.
Ин воситаҳои ҳифозатӣ, ки аз ҷониби Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ва Дафтари намояндаии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас шуд, ниқобҳои ҷарроҳӣ, дастпӯшҳои истифода барои як бор, собун ва мази зидди бактерия мебошанд, ки қарор аст миёни кормандони Кумита тақсим карда шаванд.
«Мо ба шарикони худ барои ҳамкориҳо изҳори сипос мекунем ва чунин меҳисобем, ки кумаки расида саривақтӣ ва гаронарзиш аст. Ҳамкориҳои муштараки мо ва талошҳои ҳамаҷониба дар пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон бидуни шак дар ҳалли мушкилоти бавуҷудомад кумак хоҳад кард”, - гуфт Сарвари КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода.
«Маводҳое, ки имрӯз ба КҲФ таҳвил дода шуданд, бахши муҳими ҳамкории мо бо Кумита аст ва мо аз он ифтихор дорем, ки талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз COVID-19 дастгирӣ мекунем. Ин воситаҳои ҳифозатӣ ба кормандони Кумита барои расонидаи ёрӣ ба аҳолии ниёзманд метавонанд кумак кунанд”, - қайд карданд сарварони Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ ва Дафтари намояндаии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамин гуна кумакҳо ба дастаҳои наҷоти КҲФ дар ВМКБ низ таҳвил дода хоҳад шуд.