Activities calendar

28 марти 2020

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: аз доруҳои тайидношуда дар таботаи короно истифода накунед

Хабаргузории Reuters  иттило медиҳад, ки Тедрос Аданом Гебреисус - Дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  аз кулли кишварҳои олам хостааст, аз доруҳое, ки таъсири онҳо бар бемории COVID-19 таъйид нашудааст, истифода накунанд. Ин хабаргузорӣ мегӯяд Тедрос Аданом  шомгоҳи ҷумъа дар як конфронси хабарӣ дар Женева, бо таваҷҷӯҳ ба густариши ҷаҳонии вируси короно гуфтааст, ки ин беморӣ то кунун беш аз

Омодагии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати эҳтимолии эълон гардидани вазъияти фавқулодда

Сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз омодагиҳои муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳолати эҳтимолии вазъи фавқулода хабар дод. Дар ин хабар, ки субҳи имрӯз нашр шудааст, омада, ки 27 марти соли равон дар назди  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед  ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии Нақшаи чорабиниҳо доир...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Моро ҳавои пурбориш интизор аст!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад. Дар бештарин қисматҳо омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

КОРОНОВИРУС: Аз се як ҳиссаи оламиён хонанишин шуданд. Сарвазири Британия ба ин вирус сироят шуд

То имрӯз короновирус дар саросари ҷаҳон ҷони бештар аз 25 ҳазор нафарро гирифт. Аз ин беморӣ Аврупо ҷабри бештар дид, шумори фавтидагон дар ин қитъаи олам 17 ҳазору 314 нафарро ташкил додааст. Италия дар ҷаҳон дар маргумири короно дар ҷойи аввал (9 ҳазору 134 нафар), Испания дар ҷойи дуюм (4934 нафар) ва Чин бо 3 292 нафар дар ҷойи сеюм қарор дорад.  Аз моҳи декабри соли гузашта дар олам бештар аз 600