То имрӯз короновирус дар саросари ҷаҳон ҷони бештар аз 25 ҳазор нафарро гирифт. Аз ин беморӣ Аврупо ҷабри бештар дид, шумори фавтидагон дар ин қитъаи олам 17 ҳазору 314 нафарро ташкил додааст. Италия дар ҷаҳон дар маргумири короно дар ҷойи аввал (9 ҳазору 134 нафар), Испания дар ҷойи дуюм (4934 нафар) ва Чин бо 3 292 нафар дар ҷойи сеюм қарор дорад. Аз моҳи декабри соли гузашта дар олам бештар аз 600 ҳазор нафар мубталои ин вирус шудаанд. Шабонарӯзи гузашта маргумир аз короновирус дар Италия ба ҳадди рекордӣ расид. Дар ин кишвар рӯзи гузашта 919 нафар фавтиданд.
Шумори сироятёфтагон ба вируси короно дар ИМА бештар аз Чин аст. Дирӯз аз сирояти зиёда аз 85 ҳазор нафар хабар дода мешуд, вале имрӯз ин омор дигар шуд ва афроди мубтало ба короновирус дар Амрико ба 100 ҳазору 717 нафар расид ва 1544 нафар аз ин беморӣ ҳалок шуданд. То кунун бештар аз ним миллион сокинони Амрико аз озмоиши короно гузаштаанд ва як сабаби афзоиши омори гирифторон ҳамин ташхисҳои озмоишгоҳӣ ҳисобида мешавад, ки одамони зиёдеро ошкор кардааст.
Дар Испания шумори ҷонбохтагон ба суръат ба панҷ ҳазор наздик мешавад. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар Испания 769 нафар ҷон доданд, ки ин болотарин омори марг дар як рӯз дар ин кишвар аст. Шумори умумии ҷонбохтагон аз короно дар Испания то кунун ба 4 ҳазору 858 нафар расид. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои испанӣ гуфтаанд, ки омори мубталоён дар шабонарӯз тадриҷан рӯ ба эътидол меояд. Дар Испания вазъияти изтирорӣ боз то 12-уми апрел тамдид шудаву маҳдудияти рафтуомад ҳамоно ҷорист.
Дар Италия бошад бар асари ин беморӣ бештар аз 9 ҳазор нафар фавтиданд, ки болотарин омори маргумир аз короно дар ҷаҳон аст. Бештар аз 8 ҳазору 500 нафар ба ин вирус сироят шудаанд.
Дар Британияи Кабир Борис Ҷонсон – сарвазири ин кишвар ба короно сироят шуд ва таҳти муолиҷа қарор гирифт.
Баъд чӣ пеш хоҳад омад?
Олимони коллеҷи императории Лондон ба ин назаранд, ки пандемияи Covid-19 метавонад ба кулли Сайёра паҳн шавад. Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳудудан 7 миллиард сокинони Замин ба ин вирус сироят мешаванд ва наздик ба 40 миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Агар ҳамагон тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустиро риоя намоянд, иртиботҳои солмондон ба ҳадди 60% коҳиш дода шавад, суръати густариши беморӣ метавонад коҳиш ёбад. Ҳатто дар ин ҳол ҳам маргумир дар кулли рӯйи замин то ба 20 миллион нафар хоҳад расид.
Аммо олимон мегӯянд ҳатто дар ин ҳолат ҳам дар наздиктарин фурсат системаи тандурустии олам дигар аз уҳдаи муолиҷаи шахсони вазъи саломатиашон вахим намебарояд. Дар кишварҳои фақир шумори беморони вазнин то 25 баробар ва дар кишварҳои доро то 7 баробар хоҳад афзуд.