КОРОНОВИРУС: Охирин хабарҳо аз саросари ҷаҳон
Чоп шуд: 19/03/2020 | adminБар асоси тозатарин омори давлати Италия рӯзи гузашта дар ин кишвар 475 нафар аз сирояти вируси короно ҷон доданд. Ин бештарин омори марги одамон аз замони пайдоиши ин вирус дар олам аст. То имрӯз дар Италия ҳудудан 3 ҳазор нафар аз бемории короно фавтидаанд, ки ин тақрибан баробар ба маргумир дар Чин – маркази пайдоиши ин беморӣ мебошад. Италия ахиран ҳамчунин теъдоди мубталоён ба ин вирусро 35 ҳазору 700 нафар