Бо мақсади пешгирӣ аз таҳдидҳои сироят ба короновирус (COVID-19) ва таъмини рифоҳу беҳбудии аҳолӣ миёни омӯзгорон, волидон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ҳамчунин боғчаҳои бачагонаи вилояти Хатлон як силсила корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ шуданд.
Дар ҷараёни ин мулоқот кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гараждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маълумот дар бораи риояи чораҳои пешгирикунанда, беҳдошт ва зарурати муроҷиати саривақтӣ ба барои кумаки тиббӣ ҳангоми эҳсос шудани аввалин нишонаҳои сироят ба коронавирус ироа намуданд.
Дар ин дидору мулоқотҳо кормандони Кумита ба ширкаткунандагон наворҳои видеоӣ намоиш доданд, барояшон варақаҳо тақсим намуданд.