Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 11-уми март: Эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ
Чоп шуд: 10/03/2020 | adminАгентии ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 10-12-уми марти соли равон дар навоҳии тобеъи м арказ эҳтимоли лағзиши тармаро пешбинӣ кардааст. Дар огоҳиномае, ки сомонаи ин ниҳод интишор додааст, аз ҷумла омадааст, ки дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест.