Агентии ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 10-12-уми марти соли равон дар навоҳии тобеъи м арказ эҳтимоли лағзиши тармаро пешбинӣ кардааст. Дар огоҳиномае, ки сомонаи ин ниҳод интишор додааст, аз ҷумла омадааст, ки дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара лағзиши тарма аз эҳтимол дур нест.
Ҳавои рӯзи оянда дар саросари кишвар тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
11-уми март дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ, борони кутоҳмуддат меборад, баъзан туман осмони пойтахтро тира мекунад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорат шабона 2+4°, рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, дар водиҳо гоҳ борон ва гоҳи дигар барфи тар меборад, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона 5-10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои қисман абрӣ, гоҳ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/c мевазад. Дамои ҳаво шабона 4+6°, рӯзона 12+14° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрист, дар водиҳо каме борон меборад, дар минтақаҳои кӯҳи гоҳ борону гоҳ барф меборад, дар қисме аз ноҳиҳое, ки дар водиҳо ҷойгиранд, баъзан туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2 - 7° сард, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ абрӣ, каме меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои абрист, аммо бе боришоти назаррас. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 17-19°, рӯзона 2-4° хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои абриву бебориши назаррас. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа нунук то 1 дараҷа гарм мешавад, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 17 - 22° сард, рӯзона 2+7° хунук мешавад.
ш. Бохтар – Ҳавои абрӣ ва борони кутоҳмуддат. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб низ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, туман мефарояд, борони кутоҳмуддат меборад. Ҳаво шабона 3+5°, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок. Дар водиҳои вилоят борони кутоҳмуддат меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барфу борон меборад ва туман меояд.Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 2+7°, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 1+6° гарм мешавад.