Дар соҳили Кофарниҳон ҷасади ҷавонзани 22-сола пайдо шуд
Чоп шуд: 26/03/2020 | redaktor
Боз як ҷасад аз соҳили дарё пайдо шуд. Ин бор ҷавонзани 22-солае, ки боз ҳам иллати маргаш дақиқ нест. Аммо пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва моҳе қабл аз хона баромадаву барнагашта буд. Ин ҳодиса дирӯз, баъди аср рух дод ва кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷасадро ба соҳибонаш супурданд.