Субҳи имрӯз, 26 марти соли 2020 соати 09:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 220 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 98 км шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ва 24 км аз шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бино ба гузориши созмони зилзиласанҷии кишвар қувваи зилзила дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳри Хуҷанд 3 баллро ташкил дод.
Заминларза дар шаҳри Душанбе ҳам эҳсос шуд. То кунун даҳҳо нафар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз такони замин дар пойтахт ва навоҳии атрофи он навиштанд.
Дар ин заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.