Боз як ҷасад аз соҳили дарё пайдо шуд. Ин бор ҷавонзани 22-солае, ки боз ҳам иллати маргаш дақиқ нест. Аммо пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва моҳе қабл аз хона баромадаву барнагашта буд. Ин ҳодиса дирӯз, баъди аср рух дод ва кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷасадро ба соҳибонаш супурданд.
Тибқи маълумоти сардори бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 24 – уми марти соли равон, соати 17:30 дақиқа аз шуъбаи навбатдори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки ҷасади номаълум дар соҳили дарёи Кофарниҳон пайдо шудааст.
Ба муҷарради дарёфти хабар афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ҳамроҳ бо кормандони ШВКД ва намояндаи прокуратураи шаҳри Ваҳдат ба ҷои ҳодиса раисданд.
Дар натиҷа маълум гардид, марҳум як ҷавонзани 22-сола, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Ваҳдат буда, гирифтори бемории рӯҳӣ будааст. Гуфта мшавад, ки ҷавонзан тақрибан моҳе пеш, аниқтараш рӯзи 26-уми феврал аз хона баромада, дигар барнагаштааст.
Ҷасади ин бонуро сокинон дар ҳудуди деҳаи Ҷангалобод-2, ҷамоати Гулистон дидаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додаанд.
Ҷасад ба пайвандони м арҳум супурда шуд.