Имрӯз, 25 март, 50 нафар афсарону сарбозони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 400 нафар волонтёрони ҷавон, зиёда аз 30 нафар миробҳо ва мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба маъракаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон пайвастанд.
Бо дастури раиси вилояти Хатлон барои вусъат бахшидан ба корҳои бартарафсозӣ 4 тонна сӯзишворӣ ҷудо карда шуда, чаҳор адад мошини калони борбари “Дулан” барои кашонидани сангу шағал, 7 адад экскаватор, се адад мехлапатаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон ҷалб карда шудаанд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни боздиди худ аз деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон сокинони маҳаллиро барои дар якҷоягӣ бо кормандони ниҳодҳои дахлдор аз лой тоза кардани заминҳои наздиҳавлигӣ даъват намуда, ба масъулон ҷиҳати тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, сохтани садд, тоза намудани қубурҳои обгузари зери кӯпрук ва расонидани кумакҳои лозимии беҳдоштӣ ба шаҳрвандони ниёзманд дастуру супоришҳо дод.
То нимаи якуми имрӯз манзили зист ва заминҳои наздиҳавлигии 246 нафар дар деҳаи Ҳалқаҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ ва 73 ҳавлӣ дар деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ”, инчунин муассисаи таълимии №24, варзишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, кӯчаву роҳравҳо, масҷид аз ҷониби мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон дезинфексия карда шуданд.
Сокинони деҳаи Ҳалқаҷар Шарифалӣ Раҳмонқулов ва Эмомалӣ Имомқулов аз таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, аз ҷумла роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Хуросон барои ёрии ҳамаҷониба ба сокинони маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар корҳои бартарафкунӣ қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода иштирок доранд. Ҳаҷми зарар муайян карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таваҷҷуҳи сокинонро ба тоза нигоҳ доштани ҷӯйҳо, каналҳо ҷалб намуда, таъкид кардааст, ки тоза нигоҳ доштани ҷӯй ва заҳбурҳо, каналҳо ва роҳҳои дигари обгузар, мустаҳкам нигоҳ доштани соҳили рӯдхонаҳо ва кӯлҳо, мустаҳкам кардани сарбандҳо шарти асосии эминӣ аз хатари сел мебошад.
Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки ҳангоми сохтани хонаҳои истиқоматӣ дар рустоҳо ҳатман барои муқобила бо сел чораандешӣ бояд шавад. Аз ҷумла, баландтар бардоштани девори бетонии таҳхонаҳо, баландтар кардани зербино аз бетон, то сел натавонад онро рахна кунад ва вориди ҳавлӣ шавад. Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ тавсия медиҳад, ки сокинон ҳангоми сохтани хонаҳои нав ҳатман ин ҷанбаҳоро ба назар гиранд, зеро дар кишвар минтақае вуҷуд надорад, ки аз хавфи омадани сел эмин бошад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.