Тарма дар Австрия 6 нафарро кушт

Австрия

Бар асари лағзиши тарма дар кӯҳҳои Алпи Австия ҳаддиақал 6 нафар ба ҳалокат расиданд. ВВС истинодан ба маълумоти пулиси Австрия овардааст, ки панҷ нафари ин кушташудагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех будаанд, ки рӯзи якшанбе дар ҳоли  кӯҳпаймоӣ дар минтақаи кӯҳистонӣ ба ҳалокат расиданд. Ин ҳодиса дар 80-километрии шаҳри Залсбург (чаҳорумин шаҳри бузурги Австрия ва маркази вилоят дар ғарби ин кишвар) рух додааст.

Дар пайи ин ҳодиса бештар аз сад маъмури имдодрасонӣ бо кумаки 7 чархбол ба минтақа эъзом шудаанд, вале амалиёташон барои наҷоти ин кӯҳгардон муваффақомез набуд.

Резиши тарма дар минтақаи кӯҳистонӣ дар пайи чанд рӯзи бориши шадид барф рух дод. Дар ҳодисаи ҷудогона як маъмури пулис дар минтақаи Кортиё дар қисмати ҷанубу ғарби Австрия бар асари лағзиши тарма кушта шудааст.

Маъмури пулиси кушташуда як марди 33-сола будааст, ки искӣ (яке аз варзишҳои замистонӣ, ки бо кафши махсус рӯи барф меравад) омӯзиш медидааст.

барчасп: