Бар асоси тозатарин омори давлати Италия рӯзи гузашта дар ин кишвар 475 нафар аз сирояти вируси короно ҷон доданд. Ин бештарин омори марги одамон аз замони пайдоиши ин вирус дар олам аст. То имрӯз дар Италия ҳудудан 3 ҳазор нафар аз бемории короно фавтидаанд, ки ин тақрибан баробар ба маргумир дар Чин – маркази пайдоиши ин беморӣ мебошад. Италия ахиран ҳамчунин теъдоди мубталоён ба ин вирусро 35 ҳазору 700 нафар эълон кард. Ин кишвра баъд аз Чин бузургтарин мамлакати олам аст, ки сироятёфтагонаш зиёданд ва ҳамвора рӯ ба афзоиш меоранд. Бино ба омори расмӣ теъдоди ҷонбохтагон аз короно дар Эрон ба беш аз 1100 нафар расидааст. Дирӯз аз сирояти бештара за 200 ҳазор нафар дар саросари олам хабар дода мешуд.
Имрӯз Тунис марзҳои худро мебандад ва артиш барои иҷрои муқаррароти манъи рафту омад ба хиёбонҳо меравад. Давлати Алҷазоир ҳар гуна тазоҳуротро мамнуъ кард. Исроил ва Лубнон ҳам марзҳои худро бастанд ва аз мардуми худ хостанд аз ҳар гуна таҷамуъ худдорӣ намоянд.
Иттиҳодияи Аврупо марзҳояшро ба рӯи ғайриавпуоиҳо баст. Белгия дар карантин қарор гирифт. Бо вуҷуди эълони тарҳи бузурги кумакҳои молӣ дар Амрико, Британия ва Иттиҳодияи Аврупо нигаронӣ аз паёмадҳои иқтисодии сирояти короно сабаб шудааст, ки бозорҳои асъор дар Осиё ва Аврупо пайваста суқут кунанд.
Бар асоси тозатарин омори давлати Италия рӯзи гузашта дар ин кишвар 475 нафар аз сирояти вируси короно ҷон доданд. Ин бештарин омори марги одамон аз замони пайдоиши ин вирус дар олам аст. То имрӯз дар Италия ҳудудан 3 ҳазор нафар аз бемории короно фавтидаанд, ки ин тақрибан баробар ба маргумир дар Чин – маркази пайдоиши ин беморӣ мебошад. Италия ахиран ҳамчунин теъдоди мубталоён ба ин вирусро 35 ҳазору 700 нафар эълон кард. Ин кишвра баъд аз Чин бузургтарин мамлакати олам аст, ки сироятёфтагонаш зиёданд ва ҳамвора рӯ ба афзоиш меоранд. Бино ба омори расмӣ теъдоди ҷонбохтагон аз короно дар Эрон ба беш аз 1100 нафар расидааст
Ангела Маркел – Садриаъзами Олмон дар як суханрониаш мубориза бо короновирусро бузургтарин ҷангу ҷидол баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон номид. Хонум Меркел гуфт, ки “пешгирӣ аз вирус як вазифаи таърихӣ аст ва бо кумаки якдигар метавонем бо он мубориза кунем. Ман комилан мутмаин ҳастам, ки мо аз ин буҳрон раҳоӣ хоҳем ёфт”. Гуфтанист, ки рӯзи гузашта шумори мубталоёни короновирус дар Олмон ду ҳазор нафар афзоиш ёфт.
Олмон кулли мактабҳои миёнаву олиро таътил эълон кард ва бархилофи Италия, Белгия, Британия, Фаронса аз мардумаш хост, то дар хонаҳои худ боқӣ бимонанд ва бе зарурат берун нараванд.
Британияи Кабир ҳамаи мактабҳоро аз рӯзи ҷумъа таътил эълон мекунад. То кунун аз ин вирус дар Баритания ҳудудан 100 нафар ҷон додаанд. Британия гуфт, ки маркази пандемия дар ин кишвар шаҳри Лондон аст ва ҳукумат диққати асосиро барои пешгирӣ дар ин шаҳр равона кардааст. Тасмим гирифта шудааст, ки баъзе аз истгоҳҳои метро баста шаванд.
Дар Испания рӯзи гузашта теъдоди сироятшудагон ду ҳазор афзуд ва шумори фавтидагон аз вирус ба беш аз 600 нафар расид.
Рӯзи гузашта Чин аз замони оғози густариши короно дар ин кишвар бори нахуст аз сирояти ягон нафар гузориш надод. Аммо 34 нафареро сабт кард, ки аз хориҷ ворид шуда, ба короно гирифтор буданд.
Кореяи Ҷанубӣ аз сабти 152 сироятшудаи нав хабар дод, вале дар хабар гуфта нашудааст, ки чанд нафари онҳо аз хориҷ омада буданд.
Рӯзи чоршанбе Сингапур 47 нафарро чун сироятшудаи нав сабт кард ва гуфт, ки 33 нафари онҳо аз хориҷ омада буданд.
New York Times навиштааст, ки шаҳрдори Майами Фрэнсиса Суарес ба вируси короно сироят шудааст.
Ӯзбекистон ва Қирғизистон – ду ҳамсояи Тоҷикистон аз афзоиши шумораи сироятшудагон ба корон хабар доданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран бори дигар эълон кард, ки то кунун дар кишвар ягон сироятшуда ба вируси короно сабт нашудааст.