Сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз омодагиҳои муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ба ҳолати эҳтимолии вазъи фавқулода хабар дод. Дар ин хабар, ки субҳи имрӯз нашр шудааст, омада, ки 27 марти соли равон дар назди муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии Нақшаи чорабиниҳо доир ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сироати коронавируси нави COVID-2019 дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амали онҳо дар ҳолати эълон шудани вазъияти фавқулодда баргузор гардид, ки дар он кормандони Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони сохторҳои ҷумҳуриявии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вобаста ба корҳои анҷомдодаи вазорат ҷиҳати пешгирии сироати коронавируси нави COVID-2019 мухтасар ибрози андеша намуд.
Манбаъ мегӯяд, Юсуфзода Фахриддин, мудири Бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ва кор бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мӯҳтавои Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сироати коронавируси нави COVID-2019 дар муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва амали онҳо дар ҳолати эълон шудани вазъияти фавқулодда иштирокдорони ҷаласаро шинос намуд.
Дар анҷом ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштани муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳолати эълон гардидани вазъияти фавқуллода роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.