Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад. Дар бештарин қисматҳо омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин иртибот КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон тавсия намедиҳад, ки дар чунин рӯзҳо дар назди махзанҳои об бошанд ва ё машғул ба моҳигирӣ шаванд. Болоравии сатҳи об метавонад таҳдиде ба заминҳои кишти соҳилҳо, пулҳо ва садҳо бошад.
Кумита аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, қабл аз вақт ҷӯйборҳову каналҳои наздики худро аз ҳар гуна хасу хасрӯба, сангу чӯбу лойқа тоза кунед, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҳамон маҷро ҷорӣ шавад ва ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои шумо зарар нарасонад.
Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд, аз рафтан ба кӯҳҳо, ғунучини занбӯруғ ва дигар рустаниҳое, ки дар доманакӯҳҳо мерӯянд худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ҳаво кори чорвочарониро ҳам ба мушкил рӯ ба рӯ месозад ва хеб мешуд муддате то беҳ шудани вазъ ва коҳиши боронҳо чорворо дар хона нигоҳ доред.
Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш дар роҳҳои мошингард ва бахусус роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, хоҳиш мекунад ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд кунанд. Ҳама қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, бахусус дар рӯзҳои боронӣ, ки ҳаво ҳам ториктар аст, суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.
Кумита ба шахсоне, ки гирифтори бемориҳо фишор ва ё дилу раганд тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёт кунанд ва доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд.
Дар ҳоли рух додани ҳолати хатарнок лутфан ба шумораи тлефони 112 ва рақами Қисми навбатдории Кумита 223 13 11 занг занед.