Муҳтарам корбарони сомона!
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо самимона ба муносибати фаро расидани Наврӯзи ҷаҳонафрӯз – қадимитарин ва ҳамзамон замонатарин ҷашн муборакбод мекунад!
КҲФ таманнои онро дорад, ки Шумо ин анъанаи неки гузаштагонро, ки пайванди ногусастанӣ ба баҳор, сарсабзиҳо ва хушиҳои олам дорад, идома медиҳед.
Наврӯз рамзи сарсабзист ва орзуи онро дорем, ки умри кишварамон сабз бошад, олам бо сабзаи гулгуни некуӣ пӯшида шавад, мардумон дар хушиву осоиштагӣ ва суботу ҳамбастагӣ зиндагӣ кунанд.
Орзуи онро дорем, ки Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он сарсабзу покизарӯзгор бошанд!
Таманно мекнем ин ҷашни пурнишотро дар ҳалқаи беҳтарин дӯстон ва пайвандонатон таҷлил кунед. Бароятон некуаҳволӣ ва сарсабзиҳо орзумандем.
Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!