Баҳор ва рӯзи аввали Наврӯз барои баъзе ноҳияҳои кишвар нобарор омад. Боронҳои шадид дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ сабаби омадани сели харобиовар шуд. Як сокини 59-солаи Хуросон дар ин сел ба ҳалокат расид. Ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ, роҳҳо, заминҳои кишт ва ҳавлиҳои сокинон зарар расид, ки ҳаҷми он муайян карда мешавад.
21 – уми марти соли 2020 дар натиҷаи боронҳои шадид дар ду ноҳияи вилояти Хатлон ва ноҳияи Рӯдакӣ сел омад, ки қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинонро зери об кард.
Чунончӣ, бар асари боронҳои шадид соати 19:30 дақиқаи рӯзи 21 марти соли 2020 дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон лойоба қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва таҳхонаи биноҳои истиқоматии сокинонро пур кард.
Барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва роҳандозии корҳои садамавиву наҷот наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Онҳо бо ёрии насосҳо аз таҳхонаҳо обро берун мекашанд.
Мутаассифона, дар натиҷаи ин офати табиӣ Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола, сокини деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯ пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд.
Бояд гуфт, ки зарфи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришоти шадиду пайваста ҳамчунин дар деҳаҳои Меҳробод, Зафаробод, Қумриободи ҷамоати Гулистон ва Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, деҳаи Ҳаёти Нави ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ низ сел омад, ки дар натиҷа майдонҳои кишт ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинонро зери об кард.
Дар айни замон корҳои бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқулода идома доранд.
Барои муайян кардани мизони зарари расида дар маҳалҳои офатзада Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият мекунад.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.