Кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар мактаб-литсеи Оғохон дар шаҳри Хоруғ ҳафтаи донистаниҳо дар мавриди мудофиаи гражданӣ гузарониданд. Тарбиягирандагон таҳти роҳбарии наҷотдиҳандагон малакаҳои риояи қоидаҳо дар ҳолатҳои фавқулодаро тамрин карданд.
Ҳафтаи донишҳои мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии латхӯрии кӯдакон, тарбияи муносибати боэҳтиром ба амнияти худ, дар наврасон ташаккул додани талош барои пешбурди тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин рафтори дуруст ҳангоми зуҳури ҳолатҳои фавқулода роҳандозӣ шуд.
Дар муддати як ҳафта бо ширкати кормандони Раёсат дар ҳамаи синфҳо дарсҳо дар мавзуъи мудофиаи гражданӣ баргузор шуданд. Бачаҳо истифода аз дастгоҳи зидди газро омӯхтанд, филмҳо тамошо карданд, ба суолҳои викторинаҳо посух доданд, иттилои ҳамсинфонашонро шуниданд. Дар роҳрав барои хонандагон расмҳое намоиш дода шуданд, ки онҳоро бо ҳолатҳои фавқулода ва қоидаҳои рафтор ҳангоми бурузи онҳо ошно месозанд.
Дар хотима наҷотдиҳандагон ва хонандагон бо ҳам амалҳои наҷот ва интиқоли зарардидагон бо ёрии техника ва таҷҳизоти махсус, расонидани ёрии аввали тиббиро машқ карданд.